Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба қатъномаи СММ вето гузошт


Амрико ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ вето гузошт. Ин қатънома бунёди маҳаллоти яҳудинишин дар қаламравҳои фаластиниҳоро маҳкум мекунад. Вале 14 кишвари дигар аз пешнависи ин қатънома ҷонибдорӣ карданд. Сусан Райс-намояндаи Амрико дар СММ ба аъзои Шӯрои Амният гуфт, вето “бад-он маъно нест, ки мо аз бунёди маҳаллот ҷонибдорӣ мекунем”. Фаластиниён мегӯянд, ветои Амрико ба ин қатънома, ки ба ибтикори кишварҳои арабӣ таҳия шудааст, ба Исроил имкон медиҳад, ки аз тааҳҳудоти худ дар мавриди сулҳ канорагирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG