Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргталабона дар Хуст


Таркиши мошини бомбгузоришуда дар шарқи Афғонистон 8 нафар, бо шумули 2 ходими пулисро кушта ба ҷо гузошт. Пулиси шаҳри Хуст мегӯяд, таркиши сангини маргталабона субҳи ҷумъа дар посгоҳе дар дохили шаҳр рух дод. Дар бораи ҷароҳат бардоштани ҳудуди 30 тан ва тахриб шудани чандин манзилу дӯкон бар асари ин инфиҷор низ гузориш шудааст.
XS
SM
MD
LG