Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафири Амрико аз вазъи матбуоти тоҷик


Сафири Амрико дар САҲА Ян Келлӣ аз вазъи озодии матбуот дар бархе кишварҳои узви ин созмон изҳори нигаронии амиқ карда, гуфтааст, шояд вазъи матбуот дар Тоҷикистон бештар аз ҳама мояи нигаронист. Ян Келлӣ дар қиболи Тоҷикистон 3 маврид – ҳамлаи рӯзи 7 феврал ба сардабири нашрияи «Наҷот» Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, рӯзи 10 феврал ба додгоҳ эҳзор шудани сардабири ҳафтавори «Пайкон» ва аз сӯи додгоҳ дар таърихи 9 феврал ба фоидаи вазорати кишоварзӣ 1500 сомонӣ ҷарима баста шудани «Миллат», нашрияи дигари мустақили чопи Душанберо ном бурдааст.
Бино ба хабарҳо, қарор аст, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, ки 11 рӯз боз дар бемористони Қарияи боло таҳти табобат қарор дошт, имрӯз аз бемористон рухсат шавад.
XS
SM
MD
LG