Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳми муҳими муҳоҷирон дар соли 2010


Бино ба омори СММ, соли гузашта муҳоҷирон дар саросари дунё ба кишварҳои зодгоҳи худ беш аз 300 миллиард доллар интиқол додаанд. Ба ҳисоби Милали Муттаҳид, дар ҳоли ҳозир шумори онҳое, ки хориҷ аз ватани худ кор мекунанд, 214 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҳамасола то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон низ ба хотири пайдо кардани рӯзӣ худро ба хориҷ ва умдатан ба бозори кори Русияву Қазоқистон мезананд. Бино ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта мардикорони тоҷик аз хориҷ ба ватан 2,3 миллиард доллар фиристодаанд, ки муодили 40 дарсад аз зери 25 миллиард сомонӣ маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG