Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркӯбии тазоҳургарон дар Баҳрайн


Артиш дар хиёбонҳои Манома
Артиш дар хиёбонҳои Манома

Баъди саркӯбии хушунатбори тазоҳургарон дар Баҳрайн, артиш эълом кард, ки бахшҳои муҳими пойтахти ин кишварро таҳти назорат гирифтааст.

Артиши Баҳрайн ҳамчунин гуфт, ба хотири тазмини назму субот гирдиҳамоӣ мамнӯъ шудааст. Субҳи дирӯз пулиси Баҳрайн ба майдони марказии шаҳри Манома юриш бурд, ки дар онҷо ҳазорон тазоҳургар нишеман зада буданд. Дар ин юриш, ки аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода шуд, дастикам чаҳор нафар кушта ва тақрибан 150 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мӯътаризон, ки аз рӯзи сешанбе ба хиёбонҳои Манома баромаданд, хоҳони ислоҳоти густурдаи сиёсӣ дар Баҳрайн ҳастанд. Ҳафтод дарсади аҳолии Баҳрайнро шиъаҳо ташкил медиҳанд, аммо раҳбарии кишвар ба дасти
сунниҳост. Обид Халил, раҳбари ҳизби "Вифоқ", ки мухолифи ҳукумат аст, дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ройтерс” саркӯбии мардум аз сӯи пулисро терроризми ҳақиқӣ хондааст.

“Роҳҳои зиёде мавҷуданд, ки аз ин муқобила ва куштор ҷилавгирӣ шавад. Ҳар касе, ки ин тасмимро гирифт, ҳадафаш куштори мардум будааст. “

Ҳизби "Вифоқ" дар эътироз ба саркӯбии тазоҳургарон, парлумони Баҳрайнро таҳрим кардааст. Шиъаён дар Баҳрайн мегӯянд, ки сунниҳои ҳоким ба кишвар бар ҳуқуқи онҳо эҳтиром намегузоранд. Бо шиддат гирифтани авзоъ дар ин кишвар, раҳбарони ҷаҳонӣ аз тамоми тарафҳо дар Баҳрайн хостанд, то аз хушунат парҳез кунанд. Аз ҷумла Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, хушунатҳои гузашта дар Баҳрайнро амиқан озордиҳанда хонд ва аз раҳбарони минтақа хост, ҳарчӣ зудтар ба ислоҳот бипардозанд.

“Бисёре аз ҷавонон аз надоштани кори муносиб ноумед шудаанд. Озодии баён, озодии гирдиҳамоӣ ва озодии иртибот бояд таъмин шавад. Ин ҳамаро дар минтақа аксаран нодида гирифтаанд. Раҳбарони минтақа бояд аз рӯйдодҳои ахир дарс бигиранд ва ҳарчӣ зудтар ба ислоҳоту дигаргунӣ бипардозанд."

Ҳиллари Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико ҳам хостори поён додани хушунат дар Баҳрайн шуд.

“Ман субҳи имрӯз ба ҳамтои баҳрайнии худ тамоси телефонӣ гирифтам ва нигаронии амиқи худ аз амалкардҳои нерӯҳои амниятиро иброз доштам. Ман таъкид кардам, ки фардо ҳам маросими мотам ва ҳам намози ҷумъа аст ва набояд бо хушунат олуда шаванд.”

Мавҷи эътирозҳо дар ҷаҳони араб

Эътирозот дар Баҳрайн бахше аз тазоҳуроти густурда дар Шимоли Африқо ва Ховари Миёна аст, ки дар натиҷаи он, раисони ҷумҳури Мисру Тунис маҷбур ба тарки қудрат шуданд. Тазоҳуротҳои зиддиҳукуматӣ бинобар, бекорӣ, фасоди густурда ва норизоятии мардум аз ҳукуматҳои истибдодии минтақа сар задаанд.

Ин ҳафта тазоҳурот дар Алҷазоир, Баҳрайн, Эрон, Урдун Либия ва Яман доман паҳн кард ва дирӯз низ дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман идома ёфт, ки дар инҷо чанд ҳазор тазоҳургар дар шаҳр раҳпаймоӣ ва бо нерӯҳои амниятӣ ва тарафдорони ҳукумат бархӯрд карданд. Дастикам 25 нафар дар ин даргириҳо маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, дар Либия низ дирӯз тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ идома кардааст. Ба навиштаи торнамои “Либия ал-Явм”, ин ҳафта дар тазоҳуротҳои густурдаи шаҳри Бенғозӣ дасти кам шаш нафар ҳалок шудаанд. Дар шаҳрҳои Киркук ва Басраи Ироқ ҳам тазоҳуроте бо талаби шароити беҳтари зиндагӣ ва хотима додан ба фасод баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG