Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Баҳрайн пойтахтро таҳти назорат гирифт


Артиши Баҳрайн эълом кард, ки бахшҳои муҳими пойтахт шаҳри Маномаро таҳти назорат гирифта ва ба хотири таъмини амният, гирдиҳамоиҳоро мамнӯъ кардааст. Эъломи артиш аз тариқи телевизиони давлатӣ баъди он садо дод, ки пулиси Баҳрайн бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ, тазоҳургаронро аз майдони марказии Манома берун кард. Дар ин юриш дасти кам чаҳор нафар кушта ва 150 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мӯътаризон дар Баҳрайн, ки хоҳони ислоҳоти густурда ҳастанд, ки дар ин кишвари умдатан шиъамазҳаб, сунниҳо қудратро дар даст доранд. Созмони Милал, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати Баҳрайн хостанд аз истифодаи зӯр алайи тазоҳургарони осоишта парҳез кунад
XS
SM
MD
LG