Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср омори тозаи қурбониёни тазоҳуротро нашр кард


Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, дар қиёми 18 рӯзаи мардумӣ алайҳи ҳукумати Миср, ки 25 январ шурӯъ шуд, 365 нафар ҳалок шудаанд. Аҳмад Само Фарид, вазири беҳдошти Миср гуфт, ин омори муқаддамотии кушташудагони ғайризомист ва шомили кормандони пулис ва зиндониён намешавад. Тазоҳуротҳои мардумии тақрибан сеҳафтаина, Ҳуснӣ Муборак раиси ҷумҳурро маҷбур кард, баъди си соли ҳукмронӣ аз мақомаш биравад. Макотиб ва донишгоҳҳои давлатӣ дар Миср ба иллати тазоҳуроту коршикании коркунони давлатӣ то рӯзи 27 феврал баста мемонанд.
XS
SM
MD
LG