Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА аз Либия хост, ба эътирозгарон гӯш диҳад


Бино ба хабарҳо, дар шаҳри Бенғозӣ, дуввумин шаҳри бузурги Либия, байни тазоҳургарон ва пулис задухӯрд шудаст. Шоҳидон ва матбуоти маҳаллӣ мегӯянд, издиҳоми хашмгин аз боздошти як ҳомии ҳуқуқ бо пулис ва тарафдорони давлат вориди даргирӣ шуд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон имрӯз гуфт, тазоҳургарон бояд ҳаққи намоиши осоиштаро дошта бошанд ва мақомот бояд ба талаботи онҳо гӯш диҳанд. Майя Косиянчич, сухангӯи хонум Эштон гуфт: “Мо аз мақомот даъват мекунем ба он мардуме ки дар эътирозҳо ширкат доранд, ва ҳам ба ончӣ ҷомиаи шаҳрвандӣ мегӯяд, гӯш диҳанд ва ба озодии баён иҷозат диҳанд. Мо ҳамчунин ба оромӣ ва худдорӣ аз хушунат даъват мекунем.“
Бенғозӣ имрӯз ором шудааст, вале бино ба хабарҳо, шаби гузашта садҳо эътирозгари мусаллаҳ бо сангу “коктейлҳои Молотов” мошинҳоро оташ зада, бо нирӯҳои пулис даргир шуданд. Матбуоти маҳаллӣ дар бораи ҷароҳат бардоштани 14 нафар, бо шумули 10 афсари пулис хабар дод. Матбуоти расмӣ аммо дар бораи раҳпаймоиҳои тарафдорони раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар пойтахт, шаҳри Троблус ва чандин минтақаи дигари Либия гузориш медиҳад. Қаззофӣ дарозумртарин раҳбар дар қораи Африқост, ки аз соли 1969 бар Либия ҳукумат меронад.
XS
SM
MD
LG