Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хатарноки қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон


Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи сешанбе гуфт, афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон аз моҳи июн то кунун 44 миллион нафарро ба вартаи қашшоқӣ афкандааст. Роберт Золлик, мудири Бонки Ҷаҳонӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, “қимати ҷаҳонии маводи ғизоӣ ба сатҳи хатарноке расидааст”. Нархи маводи ғизоӣ ҳанӯз ҳам дар ҳоли афзоиш аст ва ба ҳадди қиматҳои соли 2008 наздик шудааст, ки дар он сол болоравии қимати ғизо ва нафт ба зиндагии мардуми фақири ҷаҳон таъсири фалокатборе гузошт. Қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи июни соли гузашта то кунун 37 дар сад афзудааст.
XS
SM
MD
LG