Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталаб Мария Хорошева мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт


Маводи таркандаро дар деҳаи Губдени Доғистон Мария Хорошева - хонуми Виталий Раздобудко, раҳбари гурӯҳи “Ҷамоати Ногай” инфиҷор кардаст. Дар ин бора Владимир Маркин, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод ва афзуд, ки ин фақат иттилоъи пешакист ва таҳқиқот идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, Мария Хорошева дар робита ба таркиши рӯзи 31 декабр дар шаҳри Маскав мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.


Имрӯз теъдоди қурбониёни таркишҳо дар деҳаи Губден ба се нафар расид – як тан аз маҷрӯҳон дар бемористон аз дунё даргузашт. Айни ҳол 26 тани дигар зери назорати табибонанд.


Шоми душанбе дар деҳаи Губден ду таркиш рӯх дод - аввал як зан худро дар канори шӯъбаи милиса инфиҷор кард, сипас як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори постгоҳи милиса тарконид.

XS
SM
MD
LG