Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Баҳрайн идома доранд


Дар Баҳрайн маросими ҷанозаи як марди шиамазҳаби 31-сола, ки дар задухӯрд бо кормандони полис кушта шудааст, боиси эътирозҳои нави оммавӣ гардид. Ин мард ҳангоми аз сӯи полис пароканда шудани маросими дафни дигар аз ширкаткунандагони намоиши эътирозии рӯзҳои қаблӣ ба ҳалокат расид. Намояндагони мухолифин, ки асосан аз аққалияти шиамазҳабанд, тавассути шабакаҳои иҷтимоии Интернет мардумро алайҳи шоҳи суннимазҳаб ба майдон мехонанд.

Намоишҳои эътирозӣ дар Баҳрайн зери таъсири ошӯбҳои мардумӣ дар Тунису Миср шурӯъ шуданд.

XS
SM
MD
LG