Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои додгоҳ бо "Азия-Плюс" вориди марҳалаи нав шуд


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аризаи ҷавобии нашрияи “Азия-Плюс”-ро бар зидди Анвар Тағоймуродов-сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рад кард. Нусратуллои Асадулло-қозии додгоҳ изҳор дошт, ки Марат Маҳмадшоев-сардабири нашрияи “Азия-Плюс” ҳақ надорад аз номи худ ба додгоҳ чунин ариза нависад. Ҷамшед Ғиёсов-вакили мудофеи “Азия Плюс”дар ин бора гуфт:

“Аз тарафи Марат Маҳмадшоев таҳти имзои худаш баҳри ҳимояи манфиатҳои “Азия-Плюс” даъвои муқобил пешниҳод карда шудааст, вале дар он ҳуҷҷатҳо имзои раҳбари асосӣ Бобохонов Умед умуман вуҷуд надорад”.

Тағоймуродов ба додгоҳ шикояш бурда буд, ки нашрияи “Азия-Плюс” дар мақолае ба эътибори вай чун корманди ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ латма задааст. Вале нашрия ин иддаоро намепазирад.
XS
SM
MD
LG