Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабаҳи Миср дар фазои кишварҳои бенаво


Шӯрои Амнияти СММ рӯйдодҳои Миср ва эҳтимоли такрори онҳо дар кишварҳои дигарро баррасӣ кард.

"Сулҳу оромӣ, амният ва рушд мафҳумҳои вобастаи ҳаманд." Ин нуктаро Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун, дар ҷаласаи ахири Шӯрои Амният ёдовар шуд. Бо ишора ба рӯйдодҳои Миср ва Тунис, Бан афзуд, эътидоли сиёсӣ реша дар имкониятҳо ва шароити бошарафонаи зиндагии мардум дорад.

Усулан дар ҳамоишҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал масъалаҳои доғи
Дар бисёре аз кишварҳо мардум аз бенавоӣ ва рӯзгори сангин машаққат мекашанд, вале на ҳамаи онҳо омодаанд, ба хиёбонҳо резанд...
ҷангу сулҳ баррасӣ мешаванд, ки дахолати фаврии ҷомеаи ҷаҳониро мехоҳанд. Вале ин бор гуфтугӯи дурударози намояндагони 15 кишвари узв ба таҳаввулоти Миср бахшида шуд.

Чаро дар кишвари зоҳиран ором чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз ба як гунаи ғайриинтизор ба вуқӯъ пайваст? Оё чунин таҳаввулот боз ба кадом кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад? Чораҳои пешгирӣ аз чунин бӯҳронҳо, ки дар ноомади кор метавонанд, ба ҷангҳои шаҳрвандӣ сабаб шаванд, кадоманд?

Натиҷагирии ниҳоӣ аз баррасиҳо дар ҷаласаи Шӯрои Амният хушбинона нест. Гуфта шуд, пешомади Миср ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад.

Дабир кулли Созмони Милал гуфт: "Далелҳои фаровоне мавҷуданд, ки 9 кишвар аз ҳар 10 кишваре, ки дар онҳо шохисҳои рушди инсонӣ дар 20 соли охир гирифтори низоъҳо шудаанд. Кишварҳое, ки байни мардуми онҳо нобаробарии амиқ вуҷуд дошта, ниҳодҳои давлат заифанд, бештар бо хатар рӯбарӯ гаштаанд. Тақсими нобаробари сарватҳо ва камбуди ҷои кор, имконият ва озодиҳо, махусан барои насли ҷавон хатари бесуботиро ба маротиб бештар мекунад."

Раиси ҷаласаи шӯро, вазири умури хориҷии Бразилия, Антонио Патриота гуфт, сулҳи пойдор замоне даст медиҳад, ки муносибати давлат ба амният фарогир ва ҳамаҷониба бошад. Вай гуфт: "Бидуни имкониятҳои иқтисодӣ, халъи силоҳ ва ҳамгироии гурӯҳҳои норозӣ ё шӯришгар, гумон аст, натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд."

Хулосаи ҳамоиши Шӯрои Амнияти Созмони Милал гӯё такрори суханҳоест, ки имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз забони коршиносон ва фаъолони мухолифон садо медиҳад. Як рӯз пеш аз ин нишаст, раҳбари ҷунбиши демократии ҷавонони Русия, Роман Доброхотов гуфт, "рӯйдодҳои Миср ба зудӣ дар Русия такрор хоҳад шуд ва ман ба сарвазир Путин машварат медиҳам, ки ҷомадонашро омода кунад."

Ҷавононе дар Озарбойҷон бо баҳонаи пуштибонӣ аз таҳаввулоти Миср дар Боку тазоҳурот карданд. Аммо шиорҳои ин тазоҳурот ишораҳои рамзие ба вазъи кишвари онҳо дошт.

Чанде аз таҳлилгарони тоҷик ҳангоми арзёбии сабабҳои таҳаввулоти Миср феҳрасти мушкилотеро тазаккур медиҳанд, ки ба худи Тоҷикистон низ марбутанд. Аз ҷумла, камбуди шадиди ҷои кор ва даромади муносиб, фасоди густарда дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, бӯҳрони маориф ва беҳдошт, нобаробариҳои амиқи иҷтимоӣ, хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ, фишор ба дигарандешон ва монанди инҳо. Дар шарҳи матолиби торнамои Радиои Озодӣ садҳо нафар менависанд, агар дар Тоҷикистон тағйири фаврие ба миён наояд, ҳаводиси Миср метавонад, дар ин кишвар низ иттифоқ афтад.

Аммо дар ҳамоиши Шӯрои Амнияти Созмони Милал ин нукта ҳам зикр шуд, ки дар бисёре аз кишварҳо мардум аз бенавоӣ ва рӯзгори сангин машаққат мекашанд, вале на ҳамаи онҳо омодаанд, ба хиёбонҳо резанд, истеъфои раҳбарон ва табдили ҳукуматро талаб кунанд. Бархе аз ширкаткунандагони ҷаласаи Шӯрои Амният гуфтанд, танҳо фақр ва мушкилиҳои иҷтимоӣ сабаби шӯриши мардумӣ шуда наметавонанд.

Ба ақидаи онҳо, маҳрумияти мардум аз ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатдорӣ низ ба сар задани ошӯб сабаб шуда метавонад. Дар аксари давлатҳои осебпазир, ҳокимияти сиёсӣ даҳсолаҳо дар дасти як гурӯҳ боқӣ мемонад ва ба дигарон имкони татбиқи тавоноиҳояшон дода намешавад.

Дар ҷаласаи вижаи Шӯрои Амният намояндагони наздик ба 60 кишвар ва ҳамчунин Бонки Ҷаҳонӣ сӯҳбат карданд. Дар изҳороти ҷамъбастии он омадааст, ки "Шӯрои Амният ба масъулияти аввалиндараҷаи худ дар таҳкими сулҳ ва амнияти байнулмилалӣ таъкид мекунад ва омодааст, барои сулҳи устувор ҳама гуна авзъро мавриди баррасии хеш қарор диҳад."

Аммо нашрияҳои ғарбӣ менависанд, Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амнияти он барои таъсир ба рӯйдодҳои шабеҳи Миср ё Тунис ягон фишанги амалӣ надорад, ба ҷуз эҷоди афкори умум ва он ҳам пас аз воқеа, на пеш аз он.
XS
SM
MD
LG