Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии боз ду дигарандеш аз маҳбаси Куба


Дар Куба боз ду диссидент ё дигарандеш – Хектор Маседа ва Анхел Мойя аз маҳбас раҳо карда шуданд. Бар пояи иттилоъи хабаргузориҳо, онҳо қаблан аз тарки зиндон сарпечӣ карда тақозо доштанд, ки ҳафт дигарандеши боқимонда ҳам аз зиндон озод шаванд.
Моҳи июли соли гузашта баъди миёнҷигарии Калисои католикӣ ва ҳукумати Испания мақомоти Куба барои раҳоии 52 дигарандеш розӣ шуданд. Ёздаҳ нафари онҳо пешниҳоди кӯч бастан ба Испанияро рад карданд.
Моҳи феврал аз маҳбаси Куба ду диссиденти дигар ҳам раҳо шуда буданд ва яке аз онҳо изҳор намуд, ки мехоҳад ба Амрико муҳоҷират кунад.
XS
SM
MD
LG