Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон майдони Таҳрирро тарк мекунанд


Тантанаҳо дар майдони Таҳрир
Тантанаҳо дар майдони Таҳрир
Дар Миср тантанаҳо дар робита ба истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак идома доранд ва ҳамзамон эътирозгарон майдони Таҳрири Қоҳираро, ки ҷойи баргузории тазоҳурот буд, тарк мекунанд. Ва аммо дар хиёбонҳои пойтахт тонкҳо боқӣ мондаанд. Дар 18-умин рӯзи эътирозҳои густурда раисиҷумҳур Муборак эълом дошт, ки мақомашро тарк мекунад. Айни ҳол қудрат дар Миср дар дасти низомиён аст, ки ба онҳо фелдмаршал Ҳусейн Муҳаммад Тантавӣ сарварӣ мекунад. Зимнан, Тантавӣ замони қудрати Муборак солҳои тулонӣ вазири дифоъи Миср буд.
Як сокини Миср дар майдони Таҳрири Қоҳира ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки "аз байн бурдани ин режим – талаби аввали мост. Ва аммо дигар талабҳо низ ҳастанд. Мо хостори ҳукумати шаҳрвандӣ ва тағйири куллии системи сиёсием. Рафтани Муборак ин охири қазия нест. Системаи ӯ дар сартосари кишвар реша давондааст. Дар натиҷа тайи 30 соли ахир кишвар гирифтори маризии саратон буд".
Раҳбарони кишварҳои олам назари худро дар робита ба истеъфои сарвари Миср баён мекунанд. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ваъда дод, ки кишвараш дар оянда ҳам робитаҳои дӯстона бо Мисрро ҳифз хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки бо истеъфои худ раисиҷумҳур Муборак ба талаби мисриҳое, ки хостори тағйиротанд, гузашт кард. Ва аммо ин на анҷоми давраи интиқолӣ, балки фақат ибтидои он аст, гуфт Обама.
XS
SM
MD
LG