Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравии исломӣ ё душмантарошӣ аз ислом?


Чандин амалкарди ахири давлати Тоҷикистон ба нигаронии он аз рушди тундгароии исломӣ таъкид мекунад.

Ҳамзамон ин талошҳо, ки исломи мӯътадилро ҳадаф қарор додаанд, сабаби афзоиши тундгароии исломӣ дар ҷомеа мешавад.

Ба назар мерасад, як доираи сарбастае ба миён омадааст, ки роҳи рӯшане ба ояндаи осударо нишон намедиҳад. Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ба ин сабаб дар як-ду соли охир ислом дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ҷомаи иртиҷоӣ ба бар мекунад.

Ин коршиносон иллати асосиро дар набуди як барномаи мушаххас ва танзимшуда дар кишвар медонанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз пайрезӣ накардааст ва дар натиҷа ниҳодҳои зидахли давлат бо падидаҳои манфӣ ба таври пароканда мубориза мекунанд, ки натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.

Абдурраҳим Холиқов
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, суханронии ахири президенти Тоҷикистон дар Шӯрои амниятиро чунин шарҳ дод:

"Имондорӣ ҳам сарҳад дорад, ки ба манфиатҳои умумимиллӣ робита мегирад. Набояд роҳ дод, ки манофеи кишвар халадор шавад. Набояд роҳ дод, ки ягон гурӯҳе берун аз талаботи қонун сӯистифода аз ислом намояд ва сӯистифода аз дигар озодиҳои шаҳрвандон кунад."

Таҳлилгарони тоҷик ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон исломи иртиҷоиро, ки таи 15 соли ахир реша андохтааст ва ҳоло шакл гирифтааст, набояд бо исломи мӯътадил даромехт.

Чаро ҷомеа ба сӯи тундгароӣ меравад?

Сабаби аслии норозигии мардум аз кӯшишҳои мақомоти ҳукумати кишвар дар роҳи мубориза бо исломи иртиҷоӣ, ки маҳз ба ҳам омехтани исломи мӯътадил бо экстремизм аст, маншаъ мегирад.

Коршиноси Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназарзода мегӯяд: "Вақте Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон дар соли 1997 ба имзо расид, як теъдоди зиёди исломиҳо ин созишномаро напазируфтанд ва мушкилоти аслие, ки дар баробари экстремизм дорем, аз ҳамон ҷо шурӯъ шуд. Теъдоде аз тоҷикҳо дар Афғонистон монданд, ба Тоҷикистон наомаданд ва аз тарафи гурӯҳҳои тундрав бо ҳар роҳе ҷалб шуданд ва тайи ин 13 соли пас аз истиқрори сулҳ, экстремизм ҳамчунон домангири Тоҷикистон аст. Ҳоло гурӯҳҳои дигаре ба мисли салафиҳо, таҳририҳо ҳастанд, ки мардумро аз даричаи иртиҷоӣ ба ислом даъват мекунанд."


Муҳиддин Кабирӣ
Аммо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МАҷлиси Намояндагон Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, имрӯзҳо ҳукумат аз исломи мӯътадил, ки намояндаи он ба унвони як нерӯ дар Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ аст, душмантарошӣ мекунад, ба ҷои ин ки дар роҳи мубориза бо тундгароӣ ҳамкорӣ намояд:

"Амрико ва Ғарб чун диданд, ки андешаҳои тунди мазҳабӣ рушд карда истодааст, онҳо лозим донистанд, ки бо исломи мӯътадил ҳамкории бештар кард. Онҳо инро на танҳо ба нафъи кишварҳои худ медонанд, ҳамчунин ба суди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам медонанд ва ин тавсияҳоро борҳо ба мақомоти ин кишварҳо додаанд. Зеро алтернативаи андешаҳои тунду иртиҷоии мазҳабӣ танҳо андешаҳои мӯътадили исломӣ метавонад бошад. Ҳоло хушбахтона, чеҳраҳои маъруфи исломии кишвар ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби исломи мӯътадил фаъолият доранд ва бисёр хуб мебуд, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ исломи мӯътадилро шарики худ мешинохтанд на рақиби худ."


Печидагиҳо дар мубориза бо экстремизм

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, набуди як барномаи мушаххас алайҳи тундгароӣ, роҳи муборизаро барои ҳамаи ниҳодҳои зиддахле, ки аз экстремизм ҷилавгирӣ кунанд, печида кардааст.

Ҳар вақте ки раисҷумҳури Тоҷикистон, хусусан, ниҳодҳои қудратиро роҳ нишон медиҳад, онҳо ба ҳама баробар дармеафтанд, ки дар ниҳоят норозигии умумро ба вуҷуд меорад. Дар ниҳояти амр як манзарае қомат мекашад, ки гӯё ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили ислом қарор гирифтааст.

Коршиноси масоили ҳуқуқӣ Зафар Қурбонов ба ин бовар аст, ки «Бо ҳангома бардоштан аз густариши экстремизми исломӣ изҳори нигаронӣ кардану ба ҳама дарафтодан мисли барои риш доштан аз гиребонони ҳамаи сокинон доштан амали нодуруст ва бенатиҷа аст. Дуруст аст, ки экстремизми мазҳабӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале ба он муборизаи санҷидаву огоҳона бояд бурд. Ва илова ба ин, набояд аз ин ҳолатҳои сӯистифода кард."

Ба сурати умум намояндагони ҳалқаҳои мухталифи мазҳабӣ ва ғайримазҳабии Тоҷикистон ҷонибдори ин ҳастанд, ки аз исломи мӯътадил, ки аслан мардумро ба маърифат ва ахлоқи исломӣ даъват мекунанд минбар дода шавад, ки ҳузури андеша ва ҳуввияти экстремизмро танг кунад.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки тундгароӣ бештар аз вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ маншаъ мегирад ва намунаҳои он дар ҷомеаҳои пешрафтаву борифоҳ кам ба назар мерасад. Ҳамчунин роҳҳои мубориза ва ҷилавгирӣ аз тундравии динӣ метавонанд мухталиф бошанд ва танҳо ба боздошту маҳбас иктифо наварзанд. Танҳо дар сурати таҳияи як барномаи умумӣ метавон дид, ҳукумати Тоҷикистон бо чӣ роҳҳое мехоҳад, ҷомеаро аз тундгароӣ ва иртиҷоъ ҳифз намояд.
XS
SM
MD
LG