Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар анҷумани ҳизби ҳокими Нур-Отан расман барои ширкат дар интихоботи рӯзи 3 апрел ризоият дод. Ӯ қаблан дар моҳи апрел интихоботи пеш аз мӯҳлат таъйин кард. Назарбоеви 70-сола, ки 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукмат меронад, мехоҳад барои боз як давраи панҷсола дар курсии раёсат бимонад. Заъфи аҳзоби мухолиф ва дар дасти ҳизби Нур-Отани Назарбоев қарор доштани тамоми курсиҳои парлумон ва идороти давлатӣ аз эҳтимоли зиёди пирӯзии ӯ дар интихоботи моҳи апрел дарак медиҳад. Вале то ҳол дар Қазоқистон интихоботе доир нашудааст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ бошад.