Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак дар бораи истеъфояш ҳарфе ба забон наовард


Ҳамин лаҳзаҳо суханронии Ҳуснӣ Муборак аз тариқи телевизиони давлатии кишвараш ба поён расид. Вай дар бораи истеъфо ҳарфе ба забон наовард ва он дар майдон норизоятии тазоҳуркунандагонро ба бор овардааст. Он чӣ вай изҳор дошт, бад-он маънист, ки ба эҳтимоли зиёд мехоҳад то поёни раёсати ҷумҳуриаш дар сари қудрат бимонад. Вай гуфт, музокира бо намояндагони мухолифон оғоз шудааст ва дархостҳои онҳо иҷро хоҳад шуд. Вай афзуд, баъзе аз салоҳиятҳои худро ба муовини раиси ҷумур вогузор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG