Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳлӣ ва Исломобод гуфтушунидҳоро аз сар мегиранд


Деҳлӣ ва Исломобод баъд аз танаффуси беш аз дусола дар мавриди эҳёи равобити дуҷониба ва идомаи музокирот ба созиш расиданд. Мақомоти Ҳиндустон баъд аз ҳамла ба шаҳри Мумбай дар тирамоҳи соли 2008 гуфтушунид бо Покистонро мутавақиф карда буданд. Дар он ҳамла дасти кам 166 нафар ба ҳалокат расиданд. Деҳлӣ Исломободро дар он айбдор намуд, ки террористон дар қаламрави Покистон тамрин дида ба Ҳиндустон ҳуҷум кардаанд.
Дар изҳороти муштараки ҳукуматҳои Ҳиндустону Покистон, ки имрӯз нашр шуд, гуфта шудааст, ки ҷонибҳо тасмим гирифтаанд масоили марбут ба мубориза бо терроризм, таъмини амният ва қазияи Кашмирро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG