Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландия вазири пешини энержиро ба Бишкек медиҳад


Додситонии кулли Қирғизистон мегӯяд, мақомоти расмии Ирландия ба дархости Бишкек дар бораи истирдоди Сапарбек Балкибеков-вазири пешини энержӣ посух надодааст. Қирғизистон ба таври расмӣ дархост кард, ки Балкибеков 28-ӯми январ ба Боку истирдод шавад. Ду рӯз пеш аз ин бо дархости ҷониби Қирғизистон ва дастури интерпол ё полиси байналмиллалӣ вазири пешин дар Дублин-пойтахти Ирландия дар хонаи яке аз хешовандонаш боздошт шуда буд. Полиси Ирландия таъйид накардааст, ки Балкибеков дар боздошт ба сар мебарад. Ҳафтаи ҷорӣ шуморе аз нашрияҳои Қирғизистон гузориш доданд, ки мақомоти Ирландия намехоҳанд Балкибековро ба Қирғизистон истирдод кунанд.
XS
SM
MD
LG