Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии зидди Эрон дар Боку


Дирӯз дар Боку дар назди сафоратхонаи Эрон раҳпаймоӣ анҷом гирифт. Шикаткунандагон бар зидди равобити наздики Эрон бо Арманистон ва ҳар гуна изҳороти зидди Озарбойҷон дар матбуоти Эрон эътироз карданд. Ин раҳпаймоиро ба таври алоҳида Ҳизби Миллӣ-Демократии мухолифон ва Маркази ҷамоаи Байналмиллалӣ созмон доданд. Эътирозкунандагон шиор медоданд, ки Эрон ба таҳрикоти зидди озарбойҷонии худ хотима диҳад. Якуми феврал баъзе аз намояндагони порламони Озарбойҷон низ бар зидди Эрон изҳорот доданд ва гуфтанд, Эрон ба Озарбойҷон маводи мухаддир ва исломи бунёдгаро содир мекунад.
XS
SM
MD
LG