Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои кобинаи вазирон дар Покистон


Тибқи гузоришҳои расида, кобинаи вазирони Покистон имрӯз 9-уми феврал ба истеъфо рафт.

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири ин кишвар ин иқдомро бахше аз талошҳо ба манзури коҳиши масрафоти давлатии Покистон унвон кард. Сухангӯи ҳизби ҳокими Покистон Фараҳноз Исфаҳонӣ низ гуфтааст, ин иқдом “ба хотири расидагӣ ба воқеъиятҳои иқтисодии кишвар” бардошта шудааст.

Бино ба гузоришҳо, вазирони ҳукумати оқои Гелони истеъфои худро рӯзи чаҳоршанбе дар охирин нишасти кобина эълон намуданд.

Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ зимни қадрдонӣ аз кобинаи худ, имрӯз дар ҷаласаи ҳукуматаш гуфт: “Нишасти имрӯз охирин ҷаласаи кобинаи феълӣ хоҳад шуд. Ман бо ифтихори зиёд метавонам бигӯям, ки бо вуҷуди шароити сахте, ки мо ин ҳама муддат қарор доштем, фаъолияти шумо аз 31 марти соли 2008 то имрӯз қаноатбахш буд.

Ҷаноби Гелонӣ ҳамчунин баён доштааст, ки 77 дарсад тасмимҳои кобина амалӣ гашта 175 тасмими дигар дар ҳоли иҷро шудан аст.

Шӯрои Марказии Ҳизби мардумии Покистон дар охирин нишасти худ ба ин натиҷа расид дар доираи машварат бо аҳзоби эътилофӣ ва ба манзури коҳиши мизони масрафоти ҳукуматӣ, чунин иқдоме рӯи даст гирифта шавад.

Мақомот мегӯянд, сарвазир Юсуф Ризо Гелонӣ қасд дорад, сеяки вазиронро ихтисор карда, як кобинаи ҷадиди хурдтар ташкил диҳад.

Дар назар аст, ки шумораи вазирон ва муовинон дар ҳукумати федералии Покистон аз 60 ба 40 коҳиш ёбад. Ҳукумати федеролии Покистон то кунун аз лиҳози теъдоди аъзояш аз бузургтарин ҳукуматҳои дунё маҳсуб мешуд. Гелонӣ ба маҳзи ҳифзи чунин кобинаи бузург дар шароите, ки иқтисоди Покистон бо бӯҳрони сахте дастбагиребон шудааст, таҳти фишори мухолифин қарор дошт.
XS
SM
MD
LG