Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гелонӣ ин бор як кобинаи хурдтар ташкил хоҳад дод


Кобинаи вазирони Покистон имрӯз истеъфо дод. Ин иқдом бахше аз барномаи коҳиши шумори вазирон ва кам кардани масрафоти давлатии Покистон унвон мешавад. Сухангӯи ҳизби ҳокими Покистон Фараҳноз Исфаҳонӣ гуфт, ин иқдом “ба хотири расидагӣ ба воқеъиятҳои иқтисодии кишвар” бардошта шудааст. Мақомот мегӯянд, сарвазир Юсуфризо Гелонӣ қасд дорад, сеяки вазиронро ихтисор карда, як кобинаи ҷадиди хурдтар ташкил диҳад. Гелонӣ имрӯз дар ҷаласаи ҳукуматаш гуфт: “Нишасти имрӯз охирин ҷаласаи кобинаи феълӣ хоҳад шуд. Ман бо ифтихори зиёд метавонам бигӯям, ки бо вуҷуди шароити сахте, ки мо ин ҳама муддат қарор доштем, фаъолияти шумо аз 31 марти соли 2008 то имрӯз қаноатбахш буд.”
Ҳукумати федеролии Покистон то кунун аз лиҳози теъдоди аъзояш аз бузургтарин ҳукуматҳои дунё маҳсуб мешуд. Гелонӣ ба маҳзи ҳифзи чунин кобинаи бузург дар шароите, ки иқтисоди Покистон бо буҳрони сахте дастбагиребон шудааст, таҳти фишори мухолифин қарор дошт.
XS
SM
MD
LG