Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парасту" баъди 4 сол дубора эҳё мешавад


Имсол, баъд аз 4 соли таваққуф, ҷашнвораи театрии “Парасту” дар Тоҷикистон дигарбора доир хоҳад шуд. Бори охир ин ҷашнвораи саросарӣ дар соли 2007 баргузор шуда, шоҳҷоизаашро намоишномаи “Рустам ва Сӯҳроб”-и театри русии Маяковский дар таҳияи коргардон Усмон Султонов бурд.
Муовини мудири ҷашнвораи “Парасту” Манасим Мадиёров ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки то кунун 6 театр ширкати худ дар ҷашнвораи имсоларо таъйид кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷаншвора, ки дар Душанбе аз 23 то 30 март, яъне дар рӯзҳои иди Наврӯз хоҳад гузашт, мавзӯъи асосӣ 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон хоҳад шуд. Мадиёров афзуд, ки театрҳо танҳо намоишномаҳои тайи 2 соли охир ба саҳна гузоштаи худро метавонанд ба ин сабқат пешниҳод кунанд.
XS
SM
MD
LG