Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тирамоҳ соаташро ба вақти зимистонӣ намебарад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, дар тирамоҳи оянда дар кишвараш ақрабаки соатҳо ба ақиб ба вақти зимистонӣ бурда намешавад. Ин бад-он маъност, ки тамоми сол соати Русия аз вақти Гринвич 4 соат пештар хоҳад буд. Медведев сабаб овардааст, ки ҳар сол аҳолӣ барои унс гирифтан ба вақти нав зери фишор қарор мегиранд ва ҳатто бемориҳо зиёд мешавад. Дар Русия дар 9 минтақа соатҳо аз ҳам фарқ дорад ва ҳар сол тағири вақт барои ин минтақаҳои мухталиф душворӣ пеш меорад.
XS
SM
MD
LG