Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори намояндагони Конгресси Амрико ба Покистон


Намояндагони Конгресси Амрико дар ҷараёни боздиди худ аз Исломобод гуфтанд, ки Конгресс масъалаи қатъи кӯмакҳои молии худ ба Покистонро баррасӣ хоҳад кард, агар Покистон корманди дипломатии Амрикоро, ки барои куштор муттаҳам шудааст, раҳо накунад. Ҳайати амрикоӣ иборат аз 3 нафар дар мулоқот бо Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон ва соири раҳбарони ин кишвар раҳоии Раймонд Девисро тақозо карданд. Вай аз 27-ӯми январ ба ин сӯ баъд аз ҳадафи тир қарор додани ду мототсикилсавори покистонӣ дар боздошт ба сар мебарад. Девис мегӯяд, ки вай маҷбур шудааст барои ҳимоят аз худ даст ба чунин кор занад.
XS
SM
MD
LG