Думаи давлатии Русия масоили марбут ба ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскавро баррасӣ кард. Дар ин ҷаласаи пушти дарҳои баста, ки бо ширкати раиси Хадамоти федеролии амният, вазири умури дохилӣ, Додситони кулл, раиси Кумитаи тафтишот ва вазири нақлиёти Русия гузашт, вакилон асосан сари мавзӯъҳои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ ва таъмини амният дар нақлиёт тамаркуз карданд. Раиси кумитаи амнияти Думаи давлатӣ Владимир Василев изҳор намуд, ки вакилон шояд ба вазорати нақлиёт тафтишҳои ғайриинтизор дар фурудгоҳҳоро иҷоза диҳанд. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки дар робита ба таркиш чанд нафар боздошт шудаанд.
Имрӯз Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чесен, масъулияти таркиши маргталабона дар фурудгоҳи Дододедовои Маскавро бар дӯш гирифт. .
Бар асари таркиши маргталабона дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав, ки рӯзи 24 январ рӯӣ дод, 36 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Дар бемористонҳои Маскав ва вилояти Маскав 60 тан аз маҷрӯҳон дар ин ҳамла боқӣ мондаанд.