Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доку Умаров масъулияти таркиши Маскавро ба ӯҳда гирифт


Доку Умаров дар навори видеоие, ки сомонаи “Кавказцентр” онро нашр кардааст
Доку Умаров дар навори видеоие, ки сомонаи “Кавказцентр” онро нашр кардааст

Раҳбари шӯришиёни чечен гуфта, ки амри ҳамлаи маргталабона дар фурудгоҳи "Домодедово"-ро ӯ содир кардааст.

Доку Умаров дар як навори видеоӣ, ки сомонаи “Кавказцентр” нашр кардааст, гуфт, барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне таъсиси як давлати мустақили исломӣ бо қонунҳои шариат, ҳуҷумҳои бештаре таҳия хоҳанд шуд.

Қаламраве, ки раҳбари шӯришиёни чечен дар он ҳадафи бунёди давлати исломӣ дорад, Чеченистон, Доғистон ва давлатҳои ҳамсояи онҳоро дар бар мегирад.

Умаров масъулияти ҳуҷуми маргбори моҳи гузашта дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскавро бар дӯш гирифт.

Инфиҷор дар бахши пешвозгирии фурудгоҳи байналмилалиии "Домодедово" 36 нафарро кушта, 150 тани дигарро захмӣ кард. Гуфта мешавад, аз шумори захмиҳо 60 нафар то ҳол бистарӣ ҳастанд. Ин ҳодиса се шаҳрванди Тоҷикистонро низ қурбон кард.

Дар навори видеоӣ, ки шоми душанбе дар сомонаи “Кавказцентр” нашр шуд, Доку Умаров нарм сӯҳбат мекард. Аммо аз ин "садои нарм" низ ба тани шунаванда рашъа медамад.

“Ин амалиёти вижа бо дастури ман анҷом шуд. Бо хости Худо ин гуна амалиёти вижа дар оянда низ анҷом хоҳанд шуд”,- таъкид кардааст Доку Умаров.

Дар ин навори видеоӣ, ки гуфта мешавад дар рӯзи ҳуҷум ба "Домодедово" сабт шудааст, Умаров ҳамчунин мегӯяд: “Дар миёни мо садҳо бародаре ҳаст, ки омодаанд, дар ҳуҷумҳои оянда қурбон шаванд.”

Гурӯҳи тафтишотии Русия дар бораи ҳуввияти ҳамлагар гуфт, ки ҳуҷумро сокини 20-солаи Қафқози шимолӣ анҷом додааст. Навори ахир як рӯз баъд аз пахши сабтҳои дигари Доку Умаров дар ҳамин сомона пайдо шуд.

Дар навори 5-уми феврал, Доку Умаров гуфт, агар Русия аз Қафқози шимолӣ хориҷ нашавад, соли 2011 ба ашку хун ғӯттавар хоҳад шуд.

Владимир Путин, президенти вақти Русия ва нахуствазири феълии ин кишвар, ҷанги дуюми алайҳи шӯришгаронро дар соли 1999 шурӯъ кард, ки он бо шикасти чашмгири ҷангиёни чечен анҷом ёфт. Амалиёти низомӣ дар Қафқози шимолӣ расман анҷом шуд, аммо ҷангиёни чечен ҳоло низ ҳуҷумҳоеро аз паноҳгоҳҳои худ дар Ингушистон ва Доғистон анҷом медиҳанд.

Доку Умаров, ки ду даҳсола боз аз чанги низомиёни рус раҳо хӯрдааст, пайравони ӯ ҳавои бунёди як давлати исломӣ бо қонунҳои шариат дар ин минтақаи нооромро дар сар мепарваранд. Доку Умарови 46-сола зимоми ҷунбиши шӯришгарони чеченро дар соли 2006, ба думболи ҳалокати раҳбари пешини ҷумбиш Абдулҳалим Сайдуллоев аз тарафи русҳо, ба даст гирифт.

Гурӯҳи Доку Умаров силсилаҳуҷумҳои маргбори гузашта, бо шумули таркиш дар метрои Маскав бо 40 қурбониро ба худ рабт додааст.

Таркиш дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав тавони Кремлин дар муқовимат дар баробари ҳуҷумҳои ояндаро зери суол бурд.

Президенти Русия Дмитрий Медведев, ки шӯришгарони Қафқози шимолиро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти кишвараш унвон кардааст, ба думболи таркиши "Домодедово" раҳбари пулиси нақлиётро аз кор сабукдӯш кард ва дастур дод, ки чораҳои амниятӣ дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳан тақвият дода шаванд.

Раҳбари хадамоти амнияти Русия (ФСБ) ни феҳристи кормандони ин ниҳодро ироа кард, ки бар пояи инфиҷор дар "Домодедово" аз кор сабукдӯш мешаванд. Мақомоти қудратӣ ҳамчунин аз ёфтаҳои худ бар пояи пажӯҳиши ҳодисаи "Домодедово" ба парлумон гузориш медиҳанд.

Ҷузъиёти маълумоти дарёфткардаи мақомот то ҳол эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG