Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Миср идома хоҳанд кард


Созмондиҳандагони намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ дар Миср аз шаҳрвандон даъват карданд, ки рӯзи ҷумъа дубора дар хиёбонҳо ҷамъ омада, истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборакро талаб намоянд. Дар майдони Таҳрири Қоҳира ҳанӯз ҳам садҳо эътирозгарон боқӣ мондаанд. Намоишҳои эътирозӣ дар Миср ду ҳафта боз идома доранд. Дар ин давра, ба иттилоъи созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман райтс вотч тақрибан 300 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳамин ҳол дар бораи идома ёфтани музокироти ҳукумат ва мухолифин иттилоъе зери даст нест. Рӯзи якшанбе дар музокироти гурӯҳҳои сиёсӣ бо муовини раисиҷумҳур Умар Сулаймон тасмим гирифта шуд, ки ба хотири омӯзиши пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти Қонуни асосӣ то аввалҳои моҳи март кумитаи вижае иборат аз ҳуқуқдонҳо ва сиёсатмадорон таъсис шавад. Мухолифин инро нокофӣ мехонанд.
Ҳуснӣ Муборак эълом дошт, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард ва аммо мухолифин хостори истеъфои фаврии ӯянд.
XS
SM
MD
LG