Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср ба гузашта боз намегардад?


Дар ҳоле Барак Обама аз "пешрафт" дар гуфтугӯи давлат ва мухолифин дар Миср сухан мегӯяд, ки эътирозгарон ҳанӯз истеъфои Муборакро мехоҳанд.

Аз ҷониби дигар гурӯҳи Ихвон-ул-Муслимин низ аз таҷдиди назар дар бораи гуфтугӯ бо давлат хабар додааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Барак Обама рӯзи душанбе бо ишора ба таҳаввулоти Миср ба аҳамияти идомаи музокирот миёни давлат ва мухолифон таъкид карда ва изҳор доштааст, мисриҳо барои ёфтани роҳи ҳале барои бӯҳрони сиёсӣ дар кишварашон «пешрафтҳое доштаанд.»

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфтааст : «Миср ба вазъияте, ки дар гузашта дошт, боз намегардад. Мардуми Миср озодӣ мехоҳанд, онҳо интихоботи одилона мехоҳанд. Онҳо давлати мунтахаб ва масъулиятпазир мехоҳанд.»

Ин суханон як рӯз баъд аз он баён шудааст, ки раҳбарони мухолифи давлати Миср бо Умар Сулаймон, муовини раиси ҷумҳури Миср дар бораи анҷоми ислоҳоти демократӣ дар ин кишвар ба гуфтугӯ нишастаанд. Бо ин ҳол тазоҳуркунандагони мисрӣ ҳамчунон дар майдони Таҳрири Қоҳира ҳузур доранд ва бар хостаҳои худ бар канорагирии Ҳуснӣ Муборак исрор меварзанд ва аз идомаи тазоҳурот дар рӯзҳои оянда ва ба вижа рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа хабар додаанд.

Гурӯҳҳои мухолифи давлати Миср аз ҷумла хостори эҷоди сохторе ба манзури баргузории интихоботи озод ва одилона, маҳдуд кардани давраи раёсати ҷумҳурӣ, пароканда кардани парлумон, озодии зиндониёни сиёсӣ ва лағви ҳолати фавқулода дар ин кишвар ҳастанд.

Дар ин миён яке аз аъзои олирутбаи Ихвон-ул-муслимин рӯзи гузашта бо ишора ба гуфтугӯҳои рӯзи гузашта миёни мухолифон ва давлат гуфтааст: «Мо саргарми баррасии вазъияти ҷорӣ ҳастем ва қасд дорем дар бораи гуфтугӯҳо бар асоси натоиҷи ҳосил аз он таҷдиди назар кунем. Бархе аз хостаҳои мо бароварда шудааст, аммо аслитарин хостаи мо, ки ҳамоно канорагирии Ҳуснӣ Муборак аст, бидуни посух мондааст.»

Пештар низ гурӯҳҳои мухолифи давлат низ ва аз ҷумла Ихвон-ул –муслимин, ки умдатарин гурӯҳи мухолиф ба шумор меояд, тарҳҳои ислоҳии давлатро, ки пас аз гуфтугӯҳои рӯзи якшанбе эълом шуда буд, нокофӣ дониста ва як бори дигар таъкид кардаанд, Ҳуснӣ Муборак ё бояд аз мақоми худ канорагирӣ кунад, ё ин ки ихтиёроти худро ба Умар Сулаймон вогузор кунад.

Дар ин миён Роберт Гетс, сухангӯи раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе таъкид кардааст, ИМА ба унвони яке аз шарикони «Мисри навин» боқӣ хоҳад монд. Вай дар айни ҳол аз раҳбарони ояндаи Миср хостааст, ба паймонҳои пешини ин кишвар ва аз ҷумла паймони сулҳ бо Исроил пойбанд бошанд.

Вай ҳамчунин дар посух ба пурсише дар бораи эҳтимоли мушорикати гурӯҳи исломгарои Ихвон-ул-муслимин дар давлати ояндаи Миср гуфтааст: «Мо бо изҳороти бархе аз раҳбарони ин созмон мувофиқ нестем.»

Бархе нозирони ғарбӣ аз ин бобат нигарон ҳастанд ва гурӯҳи Ихвон-ул-Муслимин бо қудрат гирифтан дар Миср як режими исломгаро ва ғайри демократик дар ин кишвар ташкил дода ва ба ҳампаймонии Миср бо кишварҳои ғарбӣ поён диҳад.

Аз сӯи дигар кобинаи ҷадиди Миср, ки рӯзи душанбе барои нахустин бор ба раёсати Аҳмад Шафиқ, нахуствазири ин кишвар ташкили ҷаласа дод, қонунеро тасвиб кард, ки ҳуқуқи кормандони давлат ва низ ҳуқуқи бознишастагон дар ин кишвар то 15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Рӯзи душанбе ҳамчунин созмони дидбони ҳуқуқи башар эълом кардааст ки дар ҷараёни эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Миср, ки аз ду ҳафта пеш оғоз шудааст, дастикам 297 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Вазорати тандурустии Миср то кунун аз эъломи шумори дақиқи қурбониёни эътирозҳои зидди ҳукумати дар ин кишвар, ки аз рӯзи 25-уми январ оғоз шудааст, худдорӣ кардааст ва омори эъломшуда аз сӯи дидбони ҳуқуқи башар бар асоси мушоҳидаҳои фаъолони ин гурӯҳ дар бемористонҳо ва гуфтугӯ бо пизишкон таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG