Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти ҳизби ҳоким дар Тунис мамнӯъ эълон шуд


Дар Тунис вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти ҳизби Зайналобиддин Бен Алиро комилан мамнӯъ эълон кард. Дар изҳорот омадааст, Фарҳат Раҷҳӣ низ пофишорӣ кардааст, ки ин ҳизб пароканда шавад. Ҳукумати муваққат аз 14-ӯми январи соли ҷорӣ, яъне аз замони фирори Зайналобиддин ба хориҷ раҳбарии Тунисро бар ӯҳда дорад. Ин изҳорот дар ҳоле садо додааст, ки чанд соат пештар тудаҳо идораи полисро дар шимол ба оташ кашиданд. Қаблан аз тири полис ду нафар кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG