Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Маърифати ислом” муғойир ба Қонуни асосӣ буд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Таҳлилгарон бозбинии тасмими Вазорати маориф барои ихтисори "Маърифати ислом"-ро зарур медонанд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, фанни "Маърифати ислом" метавонист фишори тундгароӣ дар миёни наврасону ҷавононро коҳиш диҳад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом кард, ки "Маърифати ислом" аз барномаҳои таълимӣ дар макотиби миёна ихтисор шудааст. Ин тасмими ғайримунтазираро вазири маориф ва ҳайати мушовараи ин вазорат дар авохири моҳи январи соли ҷорӣ гирифтаанд.

Мухолиф бо қонунҳои дунявӣ

Ноилшо Нуралиев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, "аз ин ба баъд ба ҷои фанни "Маърифати ислом" дар мактабҳои миёна як соат барномаи таълимии "Таърихи халқи тоҷик" афзуда хоҳад шуд."

Сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон аз баёни иллатҳои ихтисори "Маърифати ислом" дар макотиб худдорӣ варзид ва гуфт, эҳтимол таърихи дини ислом дар дохили барномаи "Таърихи халқи тоҷик" ба муҳассилин таълим дода шавад.

Cаид Аҳмадов, яке аз муаллифони китоби "Маърифати ислом"
Аммо Саид Аҳмадов, собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ва яке аз муаллифони китоби "Маърифати ислом", мегӯяд, мақомот далели ин амрро ба дунявӣ будани низоми давлат дар Тоҷикистон рабт додаанд.

"Аз сабаби ин ки тамоми мактабҳои мо мактабҳои давлатӣ ҳастанд ва давлат давлати дунявист, таълими динӣ додан дар ин мактабҳо бо Қонуни асосӣ мувофиқат намекунад. Қонунҳои ҷорӣ иҷозат намедиҳанд, ки дар мактабҳои давлатии мо таълими динӣ дода шавад"
,-афзуд ҷаноби Аҳмадов.

Пайи пойи "Маърифати ислом" дар ҳоле аз барномаҳои таълимӣ руфта мешавад, ки то ҳанӯз ин барнома дар шакли як китоби комил рӯйи чоп наомадааст.

Фанни "Маърифати ислом" дар соли 2009, дар пайи таҷлил аз 1310-солагии Имом Абӯҳанифа, раҳбари мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли сокинони мусулмони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, пайдо шуд.

"Маърифати ислом" пешниҳоди раисҷумҳур буд"

Сайидаҳмади Қаландар мегӯяд, ҷорӣ кардани барномаи таълимии "Маърифати ислом" дар макотиб пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон буд, ки бо ихтисор шуданаш аз барномаҳои таълимӣ метавонад симои раҳбари кишварро ба шакли дигаре ба намоиш гузорад: "Ҷорӣ кардани ин фан ибтикори вазорати маориф набуд. Баъд аз суолу ҷавоб дар ҷаласаи Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки мо бо роҳи машварат ин масъаларо ба роҳ мемонем. Воқеан коре буд дуруст."

Саидаҳмади Қаландар, коршиноси тоҷик
Ин коршиноси умури мазҳабӣ мегӯяд, вазифаи "Маърифати ислом" буд, ки наврасону ҷавононро аз омӯзиши ғайриқонунии дини ислом дар назди муллову имомҳо боздошта, тундгароӣ дар миёни онҳоро коҳиш медод: "Дар ҳадди комил ҳам набошад, то андозае тундгароӣ, таассуб ва ҷаҳлро дар миёни ҷавонон метавонист поин барад."

Роҳ ба сӯи "мадрасаҳои хонагӣ"

Омӯзиши фанни "Маърифати ислом" дар ҳоле аз барномаҳои таълимии мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бардошта мешавад, таълими таърих ва ҷузъиёти дигари дини ислом бидуни доштани муҷаввиз мамнӯъ аст.

Акнун суоле халқ мешавад, ки пас аз ин наврасон, онҳое, ки мехоҳанд дар бораи таърихи дини худ маълумот бигиранд, бояд ба куҷо бираванд?



Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби динӣ дар минтақа, мегӯяд, ин тасмими вазорати маориф боис ба он мешавад, ки наврасону ҷавонон дубора дари муллоҳоро бикӯбанд ва ба таври ғайриаланӣ машғули таҳсили динӣ шаванд.

"Ин тасмимҳо маънои онро дорад, ки ҳукумати мо мехоҳад то синни 18 мардум аз ислом огоҳ набошанд ва дар дар як давлати ба ном дунявӣ тарбия ёбанд. Аслан, дин ин фарҳанг аст. Ҳуввияти миллии мо бо он омехта шудааст",-афзуд ӯ.

Фанни "Маърифати ислом" дар оғози соли хониши соли 2010 дар барномаҳои таълмии мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ворид карда шуд.

Ин фан дар ҳафтае як бор ва он ҳам аз тарафи устодони адабиёт ва таърих таълим дода мешуд.

Китоби "Маърифати ислом" аз панҷ боб иборат буда, мӯҳтавои он аз замони зуҳури ислом то ислом дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ
Давоми "бархӯрди сард"?

Саид Аҳмадов, яке аз муаллифони "Маърифати ислом" мегӯяд, дар ин китоб аслан дар бораи ибодат ҳарфе гуфта нашудааст.

Ҷаноби Аҳмадов гуфт, ин китоб бо даъвати мақомоти вазорати маориф, ки дар ҳайати муаллифону мураттибон Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар ҳам будааст, навишта шуда, чанд мақолаи раиси Кумитаи дин Абдураҳим Холиқов низ дар он ҷо гирифтааст.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ихтисори фанни "Маърифати ислом" дар макотиб давоми бархӯрди, ба гуфтаи ӯ, сарди мақомот бо диндорон дар як соли ахир аст.

Бо ин ҳол, Сайидаҳмади Қаландар, аз коршиносони умури мазҳабӣ, таълими "Маърифати ислом"-ро дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон муҳим мешуморад. Вай мегӯяд, бояд Вазорати маорифи Тоҷикистон ин тасмими худро бозбинӣ кунад.

Аммо ба далели муғойир буданаш бо қонунҳои дунявии кишвар дар ҳоле "Маърифати ислом" ихтисор мешавад, ки худи раисҷумҳури Тоҷикистон борҳо дар суханронияш худро мусулмон ва калимаи "алҳамдуллилоҳ"-ро ба забон овардааст.

Гузашта аз ин, ӯ барои даъватҳои худ барои ҳимоят аз камбизоатон низ аз ҳадисхои паёмбар далел оварда, аз мубтакирони аслии "Соли бузургдошти Имоми Аъзам" буд.
XS
SM
MD
LG