Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз ошӯби Миср пуштибонӣ мекунад


Раҳбарии олии Эрон мегӯяд, мавҷи ошӯбҳо дар мамолики араб шаҳодати “бедории исломӣ”-и шабеҳи инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 аст. Ин паёми оятулло Алии Хоманайӣ аз тарафи намозгузорони эронӣ бо шиорҳои “Марг ба Амрико!” ва “Марг ба Исроил!” пешвоз гирифта шуд. Мақомоти баландпояи Эрон аз ошӯби Миср пуштибонӣ намуда, ба Амрико ҳушдор додаанд, ки аз дахолат ба умури Миср даст кашад.

XS
SM
MD
LG