Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

LifeNews номи маргталабро ошкор кард


Сомонаи интернетии LifeNews бо такя ба манобеъи мӯътамад ному насаби маргталаберо ошкор кардааст, ки дар рӯз пеш худро дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав тарконида буд. Ба иддаи хабарнигорон, маргталаб сокини 20 солаи Ингуштистон Муҳаммад Евлоев буд.
Мақомоти ҳифзи тартиботи Русия ин итилоъро ҳанӯз рад ё тасдиқ накардаанд. Аз ин пеш раиси Хадамоти федеролии амнияи Русия Александр Бортников гуфта буд, ки ному насаби маргталаб ошкор шудааст ва ӯ зодаи Қафқози шимолист.
Бар асари таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав 36 нафар, аз ҷумла, се шаҳрванди Тоҷикистон, ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG