Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати артиши Миср ба хатми эътирозҳо


Низомиёни Миср имрӯз ба хатми эътирозҳои зидди раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак даъват карданд. Ин дар ҳолест, ки Муборак шаби гузашта эълон кард, ки дар интихоботи моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард. Сухангӯи артиш тавассути телевизион гуфт, мисриҳо паёми худро гуфтанд ва талаби онҳо шунида шуд ва акнун вақт аст, ки ба ҳаёти оддӣ баргарданд.
Аммо имрӯз низ издиҳом барои рӯзи нӯҳуми эътирозҳои алайҳи Муборак ба майдони Таҳрири Қоҳира рехтанд. Имрӯз дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари Миср чанд раҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз Ҳуснӣ Муборак низ доир шуд. Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, хадамоти Интернет ва телефонҳои мобил дар Миср, ки як ҳафта боз қатъ шуда буд, имрӯз дубора фаъол шудааст.
XS
SM
MD
LG