Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як захмии тоҷики таркиши "Домодедово" даргузашт


Шаби гузашта боз як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ҷароҳатҳои дар таркиши фурудгоҳи “Домодедово” бардоштааш аз олам чашм пӯшид. Бо даргузашти Салим Силманов шумори атбоъи дар ҳамлаи рӯзи 24 январ кушташудаи Тоҷикистон ба 3 нафар расид. Мурод Бӯрибоев, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, Салим Силманов 41 сол дошта, аз ноҳияи Шуғнони Бадахшон омада буд.
Бар асари таркиши рӯзи 24 январ дар фурудгоҳи “Домодедово” 36 нафар кушта ва беш аз 100 тан захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG