Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи дипломатҳои амрикоӣ Қоҳираро тарк мекунад


Мақомоти бисёр кишварҳо талоши бозгардони шаҳрвандонашон аз Мисрро доранд. Вошингтон ахиран дар бораи кӯчонидани бархе аз кормандони сафорати ИМА дар Қоҳира тасмим гирифт. Вазири умури хориҷии Бритониё Уилям Ҳейг низ эълом дошт, рӯзи чаҳоршанбе ҳавопаймои махсус барои интиқоли шаҳрвандони кишвар, ки ба ватан баргаштанианд, ба Қоҳира парвоз мекунад. Дар Қоҳира тақрибан ду ҳазор шаҳрвандони Бритониё ба сар мебаранд.
Вазорати умури хориҷии Олмон аз шаҳрвандони кишвар даъват намуд, ки аз сафар ба Мисри ноором худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG