Имрӯз Ихвон-ул-муслимин ба эътирозҳо бар зидди президенти ин кишвар Ҳуснӣ Муборак пайваста ҳамчун яке аз нерӯҳои умад дар саҳнаи сиёсии Миср зуҳур намудаанд. Ҳоло шореҳон, ба вижа шореҳони мамолики ғарбӣ, ба ин суол посух меҷӯянд, ки то куҷо "Ихвон-ул муслимин" ба ҳукуматдорӣ омодаанду оё дар ҳоли гирифтани қудрат Мисрро ба кишвари исломӣ табдил хоҳанд дод ё хайр?
Шабоҳатҳои Мисри Муборак ва Эрони Хоманаӣ
Беш аз 30 сол инҷониб ҳангоми арзёбии таҳаввулоти Ховари Миёна коршиносони ғарбӣ инқилоби исломии Эронро ба ёд меоранд. Инқилоберо, ки ҳамкори стратегии мамолики ғарбиро ба ҷумҳурии исломии бунёдгаро табдил додааст.
Ҳамчунон вақте рӯйдодҳои Миср мавриди баҳс қарор мегиранд, шореҳон ҷунбиши исломии Ихвон-ул-муслимин ё худ Бародарони мусулмонро бо нерӯҳои тарафдор аз оятулло Хумайнӣ муқоиса мекунанд.
Аксари кишварҳои ғарбӣ пинҳон намекунанд, ки сари қудрат омадани нерӯҳои исломӣ дар Мисрро ҷонибдорӣ намекунанд.
"Ихвон" умдатарин қувва дар саҳнаи сиёсии Миср
Ҳатто ҳунарманди мисритабори фаронсавӣ Умар Шариф дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки аз чунин дурнамо дар ҳарос аст. Ӯ бо ишора ба дастовардҳои Ихвон-ул-муслимин дар интихоботи ахири ин кишвар гуфт, “тарафдорони онҳо ҳамагӣ 20% аҳолиии Мисрро ташкил медиҳанд, вале хавфе, ки ман аз онҳо дорам, хеле бештар аз он аст.”
Ҷои ёдоварист, ки рӯзҳои ахир ҳазорҳо тарафдорони Ихвон-ул муслимин аз чор маҳбаси мисрӣ фирор намуда, эҳтимол ба сафҳои эътирозгарон пайваста бошанд.
Ихвон-ул муслимин дар моҳи марти соли 1928 аз тарафи Ҳасан Ал-Банно поягузорӣ шуда, аз роҳи тарғиби Ислом бар зидди тавсеаи нуфузи ғарб мубориза бурдааст. Шиори Ихвон-ул-муслимин “Ислом роҳи ҳал аст” ҳадафи ин ҷунбиши ошкор мекунад, ки он ҳам ташкили давлат бар пояи шариат аст.
"Ихвон ифротгаро на, нерӯи муосири воқеъбин аст"
Мудири маркази пажӯҳишҳои Ховари Миёна дар Донишкадаи иқтисодии шаҳри Лондон Фавоз Гергес мегӯяд, сиёсатмадорони ғарбӣ набояд аз гузаштаи Ихвон-ул-муслимин тарс дошта бошанд, зеро имрӯз ин на як ҷунбиши ифротгаро, балки нерӯи муосири воқеъбин аст:
“Ихвон-ул-муслимин мехоҳад аз президент Муборак халос шавад. Бешубҳа Ихвон-ул-муслимин мехоҳад дар ин давра нақши калидӣ дошта бошад. Вале ҷунбиш возеҳ намуд, ки феълан барои гирифтани қудрат ҳозир нест. Онҳо қудрати раҳбарии тамоми Мисрро надоранд. Хуллас, суол ин аст, ки оё Ихвон-ул-муслимин воқеан мехоҳад сари қудрат ояд?”
Ихвониҳо аз Бародаӣ пуштибонӣ мекунанд
Гергес пуштибонии Ихвон-ул-муслимин аз Муҳаммад ал-Бародаиро ҳамчун шаҳодати коргароии ин ҷунбиш мисол меорад. Бародаӣ, ки барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва собиқ раҳбари Агентии Байналмилалии нерӯи ҳастаӣ мебошад, аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун пешвои эҳтимолии мухолифин дар музокирот бо ҳукумати Миср арзёбӣ мешавад.
Дар ин байн собиқ муовини раҳбари Ихвон-ул-муслимин Муҳаммад Ҳабиб низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъкид кард, ки ҳадафи онҳо таъсиси давлати исломии шабеҳи эрон нест:
“Не, ба ҳеҷ ваҷҳ. Мо тарафдори ҳукумати демократии дорои бисёрандешӣ ва механизми интиқоли осоиштаи қудрат ҳастем. Мо тарафдори ҳукумате ҳастем, ки мардумро сарчашмаи қудрат мешуморад. Ҳамчунон мо тарафдори ҷудо будани додгоҳ, ҳукумати қонунгузор ва иҷроия мебошем.”
Дарди саре бо номи "Миср" барои Амрико
Дар ҳоле, ки президент Муборак ба хотири наҷоти салтанаташ талош дорад, ИМА ҳам дар ҳоли печида қарор гирифтааст. Аз як тараф ҳукумати Қоҳира муҳимтарин иттифоқчии Вашингтон дар Ховари Миёна ва шарики равандаи музокироти сулҳи Исроилу фаластиниҳо мебошад, вале аз сӯи дигар, Ҳуснӣ Муборак 30 сол ба ин тараф Мисрро бо мушти оҳанин раҳбарӣ намуда, ба озодиҳои шаҳрвандиву ҳуқуқи башар ҳеҷ арҷе намегузорад.
Ҳамин тариқ ҳукумати ИМА бештар ба нозири рӯйдодҳои ахири Миср шабоҳат дошта, ҳамарӯза бо душворӣ ба хабарнигорон аксуламал дар иртибот ба ин кишварро пешкаш мекунад ва тавре шореҳон мегӯянд, то кунун Вашингтон ба кадом яке аз тарафҳо таваҷҷӯҳи хос нишон надода, мунтазири поёни қазия аст.