Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифода аз пулҳои президенти барканоршуда мамнӯъ эълон шуд


Бино ба дархости ҳукумати нави Тунис, имрӯз вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоти худ истифода аз дороии Зайналобиддин-раиси ҷумҳури барканоршуда ва хонуми вай дар бонкҳои кишварҳои аврупоиро мамнӯъ эълон карданд. Ду ҳафта пеш Зайналобиддин зери фишори тазоҳуроти пурҷамъият аз Тунис фирор кард. Вай ва хонумаш Лейло Трабелсӣ барои солҳои тӯлонӣ моли худ кардани дороиҳои кишвар гумонбар дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG