Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Бародаӣ вориди Қоҳира шуд: "Муборак бояд биравад!"


Эътирозҳо дар Миср бо вуҷуди саркӯбӣ аз сӯи пулис, дар пайи бозгашти Муҳаммад Бародаӣ, вориди нуқтаи атфи худ мешавад.

Ин эътирозҳо, ки то кунун як раҳбари воҳид надошт, метавонад Бародаиро ба ин ҳайс ва ба сифати рақиби билқувваи Муборак, ки ҷаҳон ҳам эътироф ва эҳтиромаш мекунад, бипазирад.

Ал-Бародаӣ Мисри навинро дидан мехоҳад

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад Бародаӣ, ки баъд аз истеъфояш аз раёсати Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ раҳбарии як ҷунбиши ислоҳот дар Мисрро бар ӯҳда гирифт ва ба як чеҳраи ангуштнамои мухолифини Муборак табдил ёфт, дирӯз вориди Қоҳира шуд, то дар эътирозҳои зиддидавлатӣ ширкат варзад.

Ал-Бародаӣ дирӯз қабл аз тарки Вена ба қасди пойтахти Миср ба хабарнигорон гуфт, ҳадафаш аз бозгашт раҳбарии эътирозҳо нест, балки агар мисриҳо аз ӯ бихоҳанд, ба роҳандозии ислоҳоти сиёсӣ дар он кишвар кӯмак хоҳад кард: “Ман бо мардум хоҳам буд, аз ҷумла бо ҷавононе, ки эътирозҳои осоиштаро дар хиёбонҳо ташкилу роҳандозӣ ва раҳбарӣ мекунанд. Ва ман тамоми он ҳимояти сиёсиву маънавиеро, ки аз дастам меояд, бояд ба онҳо бикунам. Ман бо онҳо хоҳам буд. Ин мардуми ман аст ва ман бояд он ҷо бошам ва умедворам, ки як Мисри навинро бубинам.”

Эътирозҳои зидди давлат дар Миср таҳти шиорҳои аз байни бурдани фақру фасоду бекорӣ, маоши муносиб ва ҳам бо талаби истеъфои Ҳуснӣ Муборак, ки аз соли 1981 ба ин сӯ 30 сол боз бар ин кишвари арабии Ховари Миёна ҳукумат меронад, аз рӯзи сешанбе ба ин тараф идома дорад.

Ихвониҳо ба тазоҳурот мепайванданд

Нуқтаи дигари атф дар ин таҳаввулот, даъвати ҳаракати "Ихвонулмуслимин", умдатарин ташаккули мухолифини мисрӣ, аз тарафдоронаш буд, ки рӯзи ҷумъа ба эътирозҳои зидди Муборак бипайванданд. Ин ҳизби мазҳабии расман мамнуъ то кунан аз ҳамроҳии расмӣ ба тазоҳурот худдорӣ мекард. Исом Ориён, сухангӯи ҳаракати "Ихвонулмуслимин" гуфт, дар натиҷаи солиёни таъқибу фишори сиёсии режими Муборак косаи сабри мардуми Миср лабрез шудааст: “Эътирозҳо то замони ба ниёзҳои воқеъии мардум расидагӣ кардани ин режим давом хоҳанд кард.”

Доманаи эътирозҳои саросарӣ дар Миср

Тайи 3 рӯзи раҳпаймоиҳо дар Миср, дастикам 6 нафар кушта ва ҳудуди 1000 тан аз тазоҳургарон боздошт шуданд. Дирӯз дар Қоҳираву Суетс, Исмоилия ва дар шаҳрҳои дигаре дар саросари Миср эътирозҳои ҷадид доир шуд, вале интизор меравад, бузургтарин раҳпаймоиҳо алайҳи давлати Ҳуснӣ Муборак имрӯз роҳандозӣ шаванд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки Муҳаммад Бародаӣ, як рақиби билқувваи Ҳуснӣ Муборак вориди саҳна мешавад.

Доктор Меҳрдоди Хонсорӣ, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон дар посух ба ин пурсиш, ки оё Бародаӣ то куҷо қодир ҳаст, ин эътирозҳоро раҳбарӣ кунад ва табдил ба як алтернативаи ҷиддӣ дар баробари Муборак шавад, гуфт:

XS
SM
MD
LG