Бино ба хабари "Азия-Плюс", як устоди бузургтарин донишгоҳи вилояти Суғд барои ришвахорӣ муттаҳам дониста мешавад. Раёсати корҳои дохилии Суғд ва додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтаанд, ки Муродулло Мирзобобоев- сокини 26 солаи Шӯрои деҳоти Гулхонаи ин ноҳия 25-ӯми августи соли гузашта аз шаҳрванде, ки аз вай ном бурда намешавад, 600 доллар гирифтааст ва ваъда додааст, ки вайро ба донишгоҳ дохил мекунад. Вале ба ваъдааш вафо накардааст.