Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳоми мисриҳо аз комёбии эътирозҳои Тунис


Ҳилларӣ Клинтон аз Миср даъват кард, даст ба ислоҳоти фарогир зада, эътирозҳои зидди давлатро саркӯб накунад.

Вазири корҳои хориҷии Амрико аз ҳамаи ҷонибҳо хост, то аз хушунат ҷилавгирӣ кунанд. Ӯ ҳамин тавр аз раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак даъват кард, ба ҳарфи мардумаш гӯш диҳад. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки ду рӯз боз дар Миср намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати сисолаи Муборак идома доранд.

Тайи ду рӯзи эътирозҳо, 5 нафар кушта ва ҳудуди 860 нафар боздошт шуданд. Мақомоти Миср дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии Facebook ва Twitter ва ҳам ба телефонҳои мобил – васоили асосии даъвати мардум ба намоишҳои эътирозиро масдуд кардаанд.

Дирӯз ҳазорон мисрӣ дигарбора барои намоишҳои эътирозӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва ин бор ҳам бо нирӯҳои пулис даргир шуданд. Дар Қоҳира ҳудуди 3000 нафар ва дар Суетс зери 2000 нафар ин бор ба кӯчаҳо рехтанд ва пулис мегӯяд, тайи ду рӯзи намоишҳо 860 тазоҳургаррро боздошт кардааст.

Эътирозҳо дар Миср алайҳи ҳукумати сисолаи раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак ду рӯз боз идома доранд ва аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки ин намоишҳо аз муваффақияти эътирозҳои Тунис, ки дар 14 январ мунҷар ба суқути давлати 23-солаи Зайналобуддин Бен Алӣ ва фирори ӯ аз кишвар шуд, илҳом гирифтаанд.

Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоли Ховари Миёна дар Лондон, дар посух ба ин пурсиш, ки эътирозҳои Тунис ба ончӣ, ки имрӯзҳо дар Миср мегузарад, то куҷо таъсиргузор аст, мегӯяд:

XS
SM
MD
LG