Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории афсари баландпояи рус аз мақомаш


Ба думболи бомбгузории хунин дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, Андрей Алексеев, сардори раёсати милисаи нақлиёти вазорати умури дохиларо ба сабаби саҳлангорӣ дар кор аз мақомаш барканор кардааст. Дмитрий Медведев, гуфт:" Ман ҳамин ҳоло фармони барканории Алексеев, сардори раёсати минтақавии нақлиёти милисаи вазорати умури дохиларо имзо кардам." Дар бомбгузории интиҳории рӯзи душанбе дар фурудгоҳи Домодедово, 35 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин ҳамла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон доданд ва 16 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG