Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури амри боздошти раиси ҷумҳури собиқи Тунис


Вазири адлияи Тунис гуфт, кишвараш амри боздошти Зайнулобиддин Бин Алӣ, раиси ҷумҳури барканоршударо содир кардааст. Ахзар Каруӣ Шибӣ, вазири адлияи Тунис гуфт, аз пулиси байналмилалии Интерпол хостаанд, то дар амри боздошти Бин Алӣ, ҳамсра ва дигар аъзои хонаводаи ӯ мусоидат кунад, ки ҳамаи онҳо ба дуздии амволи давлат ва интиқоли арзи хориҷӣ аз кишвар муттаҳам мешаванд. Бин Алӣ, ки 23 сол раиси ҷумҳури Тунис буд, баъди ошӯбҳои мардумӣ рӯзи 24 январ ба Арабистони Саудӣ гурехт. Бино ба гузоришҳо, пулиси Тунис имрӯз ҳам бо истифода аз гази ашковар садҳо тазоҳургарро пароканда кардааст, ки алайҳи шомил шудани шарикони зиёди собиқи Бин Алӣ ба ҳукумати ваҳдати миллӣ эътироз мекарданд. Интизор меравад, ки нахуствазири муваққати Тунис ба хотири поён додан ба тазоҳуроти ҳаррӯза имрӯз ҳайъати ҳукуматро тағйир диҳад.
XS
SM
MD
LG