Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи порлумони Афғонистон фардо ифтитоҳ мешавад


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфт, фардо 26 январ порлумони навро ифтитоҳ хоҳад кард, аммо айни замон кумиссиёни махсус, таҳқиқи иддаъоҳо дар мавриди тақаллубкорӣ дар интихоботи моҳи сентябрро идома хоҳад дод. Аммо маълум нест, ки вакилони Вулуси Ҷиргаи Афғонистон, чунин пешниҳоди Карзайро қабул хоҳанд кард ва ё на. Ҳафтаи гузашта Ҳомиди Карзай, дастур дод, ифтитоҳи порлумон то моҳи феврал ба таъхир гузошта шавад, то кумиссиёни махсус тавонад, иддаъоҳои тақаллубкориро таҳқиқ кунад. Аммо вакилони афғон гуфтанд, ки нишасти порлумонро худашон шуррӯъ мекунанд. Онҳо айни замон аз Карзай хостаанд, кумиссиёни таҳқиқотиро пароканда кунад, зеро он “ғайриқонунӣ” будааст.
XS
SM
MD
LG