Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиди хабари осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки дар инфиҷор дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав 12 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Давлат Назрӣ сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни онҳо вазъи панҷ нафар вахим арзёбӣ шудааст. Вазорат хабари марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар бобмгузорӣ дар фурудгоҳи Домодедоворо таъйид накард. Рӯзи гузашта бар асари бомбгузории интиҳорӣ дар фурудгоҳи Домодедово дасти кам 35 нафар кушта ва бештар аз 150 тани дигар захмӣ шуданд. Ба думболи ин бомбгузории хунин, тадобири амниятӣ дар пойтахти Русия тақвият дода шудааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ҳамлаи интиҳорӣ дар фурудгоҳро амалиёти террористӣ хонда ва қавл дод, ки масъулони онро пайдо хоҳанд кард. Ӯ ҳамчунин гуфт: “Ончӣ гузашт, нишон медиҳад, муқаррароти таъмини амният риоят нашудааст. Бурдани миқдори зиёди маводи тарканда ба онҷо ба осонӣ муяссар намешавад. Барои ин бояд ҳамаи афроди масъул, ширкатҳои тасмимгиранда ва масъулони фурудгоҳ ҷавоб гӯянд.“ То кунун касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале ғолибан онро кори дасти тундравон аз Қафқози Шимолӣ хоҳанд хонд. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ин ҳамларо башиддат маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG