Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов бо Баррозо мулоқот кард


Раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов имрӯз дар Брюссел бо раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо музокирот анҷом дод, ки дар поёни он миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Ӯзбакистон ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар бахши энерҷӣ имзо гардид.
Хабаргузориҳо бо такя ба намояндагони Баррозо навиштаанд, ки дар гуфтушунид дар бораи нигарониҳои ҳомиёни ҳуқуқи башари кишварҳои аврупоӣ аз таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ дар Ӯзбакистон низ сухан рафтааст. Ислом Каримов ваъда дод, ки Тошканд ислоҳоти демократиро идома медиҳад.
Қарор аст, ки раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар Брюссел бо дигар мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ҳам гуфтушунид мекунад.
Ислом Каримов баъд аз ҳаводиси хунини моҳи майи соли 2005 дар шаҳри Андиҷон бори аввал ба Аврупо сафари расмӣ анҷом медиҳад. Иттиҳодияи Аврупо баъд аз сарпечии Тошканд барои тафтиши мустақили байнулмилалии он ҳаводис алайҳи мақомоти Ӯзбакистон таҳримҳо ҷорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG