Дар ин ҷо мардум ба омурзишу бахшоиши ҳамдигар даъват мешаванд. Аммо тафриқа ҳанӯз амиқ аст ва хатари ҷудоӣ низ эҳсос мешавад. Хушбиниҳо дар ҳолест, ки ҳанӯз аз зуҳури равишҳои гуногуни исломӣ дар масҷидҳои Қирғизистон хабаре нарасидааст, аммо мақомоти давлатӣ аз афзоиши тундгароии мазҳабӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.
Масҷидҳои ҷануби Қирғизистон ҷои ҳамоиши мардуме шудаанд, ки дар тобистони гузашта даргири ҳам буданд.