Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи беталафот дар Тоҷикистон


Зилзилаи субҳи имрӯз дар Тоҷикистон, талафоте ба ҷой нагузоштааст. Дар бораи хисорот аз ин офати табиӣ ҳам иттилоъе зери даст нест. Дӯстмурод Забиров, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зилзила соати 7.45 дақиқаи рӯзи 24-уми январ ба вуқӯъ пайваст. Маркази заминларза дар 360 километрии ҷанубу шарқи Тоҷикистон, дар кӯҳҳои Бадахшон ҷойгир буда ва шиддати он дар ин минтақа 5-6 дараҷа, дар шаҳри Душанбе 3 дараҷа ва дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон 2-2,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст.
XS
SM
MD
LG