Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи таркишҳо дар Бағдод ва Карбало


Бар асари таркиш дар шаҳри Карбалои Ироқ дасти кам шаш нафар кушта ва даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи мақомот, афроди ношинос дар истгоҳи автобусҳои интиқолдиҳандаи зойирини шиа як мошинро мунфаҷир карданд.
Ҳамзамон дар шаҳри Бағдод бар асари инфиҷори ду бомби канори роҳ ду мансабдори ҳукуматӣ ба ҳалокат расиданд ва ҳашт нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.
XS
SM
MD
LG